Мардуми масчоҳии Ӯзбекистон барои худ мактаби тоҷикӣ месозанд

Мардуми деҳаи Истошуни (Истошон) ноҳияи Букаи кишвари Ӯзбекистон, ки солҳо пеш аз Тоҷикистон ба ин ҷо ҳиҷрат кардаанд, бо тариқи ҳашар барои худ мактаби тоҷикӣ месозанд. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати Мастчоҳ хабар додааст. Маблағи наздик ба 3 млн сомонӣ барои ин мактаб пурра аз худи мардуми ин деҳа аст. Ба ҳар […]

Мардуми деҳаи Истошуни (Истошон) ноҳияи Букаи кишвари Ӯзбекистон, ки солҳо пеш аз Тоҷикистон ба ин ҷо ҳиҷрат кардаанд, бо тариқи ҳашар барои худ мактаби тоҷикӣ месозанд. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати Мастчоҳ хабар додааст.

Маблағи наздик ба 3 млн сомонӣ барои ин мактаб пурра аз худи мардуми ин деҳа аст. Ба ҳар сари хонавода тақрибан 10 ҳазор сомонӣ рост омадааст.

Сохтмони мактаб беш аз ду моҳ аст, ки идома дорад ва ҳамарӯза дар кори сохтмони он аз 150 то 200 нафар иштирок мекунад. Бинокорон ҳама ройгон кор мекунанд ва касе ҳаққи хидмат намегирад.

Ин мактаб барои 350-400 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, мардум талош доранд сохтмони мактабро то соли нави таҳсил ба анҷом расонанд.

Дар Ӯзбекистон дар замони ҳукумати Ислом Каримов шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд, акнун бо омадани Шавкат Мирзиёев, теъдоди ин мактабҳо зиёд мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.