Дар Қазоқистон бар асари нооромиҳои ахир 164 нафар ҳалок шуд

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст, менависад Фергана. Гуфта мешавад, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилорда – 21 нафар, дар Ҷамбул – 10 нафар ва дар вилояти Алмато – 8 нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи дар кадом вилоят кушта […]

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст, менависад Фергана.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилорда – 21 нафар, дар Ҷамбул – 10 нафар ва дар вилояти Алмато – 8 нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи дар кадом вилоят кушта шудани боз 22 нафари дигар маълумот надодааст.

Дар ВКД Қазоқистон хабар додаанд, ки дар ҷараёни эътирозҳо 7 корманди пулис, аз ҷумла хизматчиёни қатории 18 ва 19-сола кушта шудаанд.

Sputnik.KZ хабар медиҳад, ки зимни бетаритибиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ҳудуди 400 хизматчии Гвардияи миллӣ осеб дида, 394 нафри онҳо ҷароҳат гирифтаанд. Зиёда аз 90 адад техникаи ҳарбии ин ниҳод осеб дидааст.

Дар Қазоқистон рӯзи 10 январ ба хотири қурбониён дар ҷараёни нооромиҳо рӯзи мотами умумимиллӣ эълон шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Султон Камалетдинов гуфтааст, вазъият дар қаламрави кишвар ба эътидол омада, зери назорати мақомоти давлатӣ қарор дорад.

Тибқи маълумоти маркази пайгирии вазъи Қазоқистон, неруҳои псодори сулҳ иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоиро дар Алмато ва мавзеи гирду атрофи он посбонӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, зери ҳимоят қарор гирифтани иншооти стратегӣ имкон дод, ки неруҳои бештари сохторҳои қудратии Қазоқистон ба мубориза бо террористҳо сафарбар шаванд.

Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Уалӣ дар барномаи “Хабар 24” изҳор намудааст, ки неруҳои СПАД дар кишвар ба муддати тӯлонӣ боқӣ намемонанд.

Вай зикр кардааст, ки неруҳои СПАД эҳтимол як ҳафта дар Қазоқистон бимонанд.

“Вазифаи асосии нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД ҳифзи иншооти муҳими стратегӣ мебошад. Азбаски иншооти стратегӣ зери ҳимояи нерӯҳои СПАД қарор дорад, Қувваҳои Мусаллаҳи мо, аз ҷумла Гвардияи миллӣ ва дигар неруҳо ба маҳви террористон дар Алмато ва як қатор минтақаҳои дигар сафарбар шуданд. Яъне иншооти стратегии мо зери посбонии низомиёни СПАД қарор гирифта, қувваҳои мо дар маҳви террористон ширкат доштанд. Ин барои мо ёрии калон аст”, – изҳор доштааст Уали.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд

Мақоми нави машваратиро сарвари давлат роҳбарӣ мекунад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.