Мусоидати ТИКА ба татбиқи Барномаи рушди боғпарварӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба  ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  ТИКА ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳудуди пойгоҳи озмоишгоҳи илмӣ ва таълимии “Кишоварз”-и донишгоҳ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади дар омӯзишҳои донишҷӯён истифода гардидан як боғи интенсивии ниҳолҳои мевадиҳанда таъсис дода шуда истодааст. Дар лоиҳа, ки дар доираи Барномаи рушди […]

Баёнияи матбуотӣ

Дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба  ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  ТИКА ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳудуди пойгоҳи озмоишгоҳи илмӣ ва таълимии “Кишоварз”-и донишгоҳ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади дар омӯзишҳои донишҷӯён истифода гардидан як боғи интенсивии ниҳолҳои мевадиҳанда таъсис дода шуда истодааст.

Дар лоиҳа, ки дар доираи Барномаи рушди боғпарварии Тоҷикистон амалӣ мегардад, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии донишҷӯёни донишгоҳ як боғи мевадиҳандаи тадқиқотӣ – таҷрибавӣ ва як  маркази ниҳолпарварии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ташкил карда шуда истодааст.

Дар ин ҷо инчунин системаи обёрии қатрагӣ, системаи такягоҳи сарпӯш ва дигар таҷҳизоти зарурӣ бо технологияи навтарин таъмин гардида истодааст.

Лоиҳа, ки дар майдони 2,5 гектар замин амалӣ карда мешавад, иборат аз пайванди решагии  навъҳои маъмули себ, гелос ва олу бунёд карда мешавад. Бунёди боғ, ки дар он ҳамагӣ 15 ҳазор ниҳол ва буттаҳо ҷойгир хоҳад шуд, аз ҳамин ҳафта оғоз ёфт.

Лоиҳае, ки ТИКА дастгирӣ мекунад, ҳадафи он баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи касбии донишҷӯён дар донишгоҳ, дастгирии таҳсилоти амалии онҳо ва фароҳам овардани таҷриба дар соҳа мебошад. Ин хоҷагие, ки ташкил карда мешавад, ба кори таълим  ва илму ривоҷи донишгоҳ дар сохаи хочагии қишлоқ ҳиссаи калон мегузорад.

Илова бар ин, интизор меравад, ки ниҳолҳои мевадиҳандае, ки дар ин марказ дар солҳои наздик тавлид мешаванд, дар рушди ниҳолпарварии миллии меваҷот дар Тоҷикистон саҳми муҳим хоҳанд гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.