Тоҷикистону Туркия дурнамои ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

Дар Вазорати мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия 18 январ вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо вазири ин ниҳод Хулуси Акар доир гардид. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Вазорати мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия 18 январ вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо вазири ин ниҳод Хулуси Акар доир гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Аз дигар ҷузъиёт ва масоили матраҳшуда дар ин мулоқот маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки имсол ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия 30 сол пур мешавад. Дар ин давра байни кишварҳо зиёда аз 65 созишномаву ёддошт ва дигар аснод ба имзо расидааст.

Тоҷикистону Туркия дар солҳои наздик ният доранд, ки тавассути роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 1 млрд доллар расонанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия ҳудуди 354 млн долларро ташкил додааст, ки 21,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Туркия 212 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Туркия ба Тоҷикистон каме бештар аз 142 млн долларро ташкил додааст.

Туркия яке аз кишварҳои камшумори шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, ки ҷумҳурӣ бо он тавозуни мусбати савдои дуҷониба дорад, яъне содирот аз воридот бештар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.