Раиси ВМКБ: 66%-и буҷети вилоят дар соли дар соли 2021 мусоидати молии ҳукумат аст

Дар соли 2021 ҳаҷми буҷети давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 328 млн сомонӣ (29 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар дод раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият. Ӯ зикр кард, ки 218 млн сомонӣ ё худ 66% аз ин маблағро кумакпулии ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил дода, 112 млн сомонӣ ё худ 34%-аш маблағҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар соли 2021 ҳаҷми буҷети давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 328 млн сомонӣ (29 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар дод раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият.

Ӯ зикр кард, ки 218 млн сомонӣ ё худ 66% аз ин маблағро кумакпулии ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил дода, 112 млн сомонӣ ё худ 34%-аш маблағҳои худии минтақа мебошанд.

“Бо вуҷуди мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ, ВМКБ зери таваҷҷуҳи доимии ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”, – изҳор дошт роҳбари минтақа, ки иқтибосҳое аз гуфтаҳои ӯ имрӯз, 19 январ дар гузориши шабакаи телевизионии маҳаллии “Бадахшон” садо доданд.

Ин чӣ дастгириест?

Кумакпулӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳамасола ба буҷетҳои маҳаллии ҳамаи минтақаҳои кишвар, ба ҷуз вилояти Суғди худкифо ҷудо карда мешаванд.

Ин маблағҳо танҳо ба фонди музди меҳнати буҷетҳои маҳаллӣ равона мегарданд, яъне барои пардохти музди меҳнати кормандоне, ки хидматрасониҳои давлатиро дар минтақаҳо иҷро мекунанд.

Ба ин тариқ, солли 2021 барои буҷети вилояти Хатлон зиёда аз 613,3 млн сомонӣ кумакпулӣ пешбинӣ гардида буд, ки қариб се баробар зиёдтар аз ҳаҷми дастгирии буҷети ВМКБ мебошад.

Ҳаҷми умумии кумакпулӣ ба шаҳру навоҳии тобеи марказ дар соли гузашта 328,8 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 52% бештар нисбат ба буҷети ВМКБ аст.

Ҳаҷми умумии кумакпулӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд 142 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла 53,7%-и ин маблағҳо ба буҷети вилояти Хатлон, 27,6% – ба буҷети Ноҳияҳои тобеи марказ ва 18,7% – ба буҷети ВМКБ ҷудо карда мешаванд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.