10 ба 10: фардо дар Норвегия музокироти серӯзаи Толибон бо сиёсатмадорону фаъолони Афғонистон оғоз мешавад

Фардо, 22-юми январ дар Норвегия музокироти серӯзаи "Толибон" бо ҷамъе аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон оғоз мешавад. Гуфта мешавад дар ин музокирот 10 нафар аз Толибон ва 10 нафар аз сиёсатмадорону фаъолон ширкат мекунанд. Сайид Исҳоқ Гелонӣ, раиси наҳзати ҳамбастагии миллӣ ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузори Афғонистон ба телевизиони "Як"-и Афғонистон гуфтааст, ки […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Фардо, 22-юми январ дар Норвегия музокироти серӯзаи "Толибон" бо ҷамъе аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон оғоз мешавад. Гуфта мешавад дар ин музокирот 10 нафар аз Толибон ва 10 нафар аз сиёсатмадорону фаъолон ширкат мекунанд.

Сайид Исҳоқ Гелонӣ, раиси наҳзати ҳамбастагии миллӣ ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузори Афғонистон ба телевизиони "Як"-и Афғонистон гуфтааст, ки дар ин гуфтугӯҳо дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир баҳс хоҳад шуд. 

Гелонӣ гуфтааст, ки бо намояндагӣ аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи маданӣ аз Кобул ӯ, Ҷаъфар Маҳдавӣ аз аъзои олирутбаи ҷунбиши "Рӯшноӣ" ва Маҳбуба Сироҷ, рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон ва 7 нафари дигар аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд, ширкат мекунанд. 

Аммо ҳукумати Толибон дар бораи ин нишаст ва ҳайати тими 10-нафарияшон барои музокироти Норвегия чизе нагуфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки се рӯз пеш, Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯйи Толибон дар саҳфаи Твиттараш навишта буд, ки Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати Аморати исломӣ бо сафири Норвей Андерс Линдман ва ҳайати ҳамроҳаш дар Кобул мулоқот кард. 

Аммо Самангонӣ дар мавриди музокироте, ки қарор аст рӯзи шанбе дар Норвегия оғоз шаванд, чизе нагуфтааст.

Ҳамчунин Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳам дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки бо Линдман мулоқот кардааст, вале Абдуллоҳ ҳам дар бораи музокироти серӯзаи 22-юми январ чизе нагуфтааст.

Ҳукумати Толибон баъди тасарруфи Кобул, ки наздик ба 6 моҳ мерасад, ба дунболи касби машруъият аст. Аммо то кунун ҳеч кишваре ҳукумати толибонро, ҳатто кишварҳои ҳомии ин гурӯҳ ба расмият нашинохтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.