Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Чин иштирок намекунад

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Пекин, ки 4 феврал оғоз мегардад, иштирок намекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Дар ин бора КМО Тоҷикистон маълумоти расмӣ надодааст ва ба савол дар бораи Тоҷикистонро дар олимпида кӣ намояндагӣ кардан, дар хадамоти матбуоти кумита изҳор намуданд, ки ҳеҷ кадоме аз варзишгарони тоҷик натавонист, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Пекин, ки 4 феврал оғоз мегардад, иштирок намекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ин бора КМО Тоҷикистон маълумоти расмӣ надодааст ва ба савол дар бораи Тоҷикистонро дар олимпида кӣ намояндагӣ кардан, дар хадамоти матбуоти кумита изҳор намуданд, ки ҳеҷ кадоме аз варзишгарони тоҷик натавонист, ки иҷозатномаи иштирокро ба даст орад.

Ба гуфтаи намояндаи КМО, бар асари пандемияи коронавирус дар саросари дунё варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқиву омӯзишӣ иштирок карда натавонистанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Чин изҳор доштааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар низоми Кумитаи байнулмилалии олимпӣ сабт шуда, дар Бозиҳои олимпӣ ба сифати меҳмон ширкат меварзад.

Қаблан дар изҳороти КДАМ Тоҷикистон зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва  муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Иштироки беш аз 4 ҳазор варзишгар аз 95 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.