Муштзани қирғиз ҳамтои тоҷикашро лагад заду тела дод, ки аз қаҳрамонии Осиё ронда шуд

Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон, муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимовро лагадкӯб карданӣ шуда, барои ин аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуд. Дар қувваозмоӣ байни варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимов ва муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу дар қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон варзишгари қирғиз бо истифода аз усулҳои манъшуда ба сӯйи муштзани тоҷик […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон, муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимовро лагадкӯб карданӣ шуда, барои ин аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуд.

Дар қувваозмоӣ байни варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимов ва муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу дар қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон варзишгари қирғиз бо истифода аз усулҳои манъшуда ба сӯйи муштзани тоҷик лагад андохта, ӯро кӯфтанӣ шуд.

Дар натиҷа пеш аз раунди дуюм довар тасмим гирифт, ки қувваозмоиро боздошта, муштзани тоҷикро ғолиб эълон намояд.

Баъди чунин қарори довар аз чашмони Тилек уулу ашк рехта, пас аз эълони қарор низ боз ҳарифашро каме тела дод.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои қувваозмоиҳои пешакӣ, чанде аз муштзанҳои тоҷик ба марҳилаи дигар роҳ ёфтанд. Онҳо қувваозмоиҳоро барои роҳ ёфтан ба даври нимфиналӣ, ки рӯзҳои 25-26 январ баргузор мешаванд, идома медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.