Мулоқоти Аҳмади Масъуд бо писари бунёдгузори Толибон ва Мулло Бародар дар Маскав

Барехе расонаҳо аз як мулоқоти Аҳмади Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Толибон ва фарзанди бунёдгузори ин ҳаракат дар Маскав хабар медиҳанд. Ба навиштаи ин манбаъҳо ин мулоқот ин ша бу рӯз дар Маскав дар ҳоли ҷараён аст. Шабакаи Afghanistan International бо такя ба манобеяш гуфтааст, ки […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Барехе расонаҳо аз як мулоқоти Аҳмади Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Толибон ва фарзанди бунёдгузори ин ҳаракат дар Маскав хабар медиҳанд.

Ба навиштаи ин манбаъҳо ин мулоқот ин ша бу рӯз дар Маскав дар ҳоли ҷараён аст.

Шабакаи Afghanistan International бо такя ба манобеяш гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд ҳамроҳ бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ барои мулоқот бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои ҳукумати Толибон ва Мулло Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати Толибон ба Маскав рафтаанд. 

Ҷабҳаи Муқовимат то кунан дар ин бора изҳори назаре накардааст. 

Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар саҳфаи твиттараш навиштааст, ки "Мулло Яъқуб ва Мулло Бародар бо як сафари махфиёна  ба Русия рафтаанд". 

Дар ҳоли ҳозир масъули Толибон ин хабарҳоро на тасдиқ кардаанд ва на рад. То кунун ҷузъиёти ин сафарҳо маълум нест ва ҳамчунин рӯшан нест, ки ҳадаф аз ин сафарҳои махфиёна ва аз қабл эълонношуда чист.

Ин хабар дар ҳолест, ки ин шабу рӯзҳо дар шаҳри Ослои Норвегия як нишасти серӯзаи Толибон бо намояндагони сиёсатмадорон ва ҷомеаи мадании Афғонистон ҷараён дорад, ки рӯзи шанбе оғоз шуда буд. 

Ҳайати Толибон дар нишасти Осло бо роҳбарии сарпарасти вазири хориҷиаи ҳукумати Толибон Амирхони Муттақӣ ширкат доранд. 

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон дар мавриди нишасти Норвегия гуфтааст, ки русия дар нишаст ҳатто ба унвони нозир ҳам ширкат надорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.