Мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин

Имрӯз, 25 январ, мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад, ки он ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида мешавад. Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи байналмилалии телевизионии CGTN бо истинод ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин гузориш додааст. Дар […]

АМИТ “Ховар”

Имрӯз, 25 январ, мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад, ки он ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида мешавад.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи байналмилалии телевизионии CGTN бо истинод ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин гузориш додааст.

Дар мулоқот Президенти ҶМЧ Си Ҷинпин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ширкат меварзанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории мутақобиларо баррасӣ хоҳанд кард. Тайи 30 соли охир шурӯъ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳаҷми муомилоти мол миёни Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 14 млрд доллари амрикоӣ гузашта, беш аз 100 баробар афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки, 20 январ намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин сабти ном шудаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум шудааст, дар миёни даъватшудагон президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия — Владимир Путин ва дигарон низ ҳастанд.

Ҳоло дар Чин охирин омодагиҳо ба Олимпиада идома доранд. 22 январ тамрини дуюми маросими ифтитоҳи Бозиҳо баргузор шуд. Интизор меравад, ки ҳайатҳои хориҷӣ ҳафтаи оянда вориди Чин гарданд. Ифтитоҳи расмии се деҳаи олимпӣ 27 январ сурат мегирад.

«Тибқи қоидаҳои олимпӣ, роҳбарони кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ бо даъвати Кумитаи олимпии кишвари худ дар системаи КБО сабти ном мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аллакай шумораи зиёди сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳон барои Олимпиадаи зимистонаи Пекин сабти ном шудаанд ва мо аз онҳо истиқбол мекунем», — гуфт чанде пеш намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин дар посух ба саволи кадоме аз роҳбаронро Чин ба Олимпиада даъват кардааст.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20 феврали соли 2022 ва Бозиҳои параолимпӣ аз 4 то 13 март баргузор мешаванд. 31 июли соли 2015 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Куала-Лумпур пойтахти Чин макони баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ интихоб шуд. Пекин аввалин шаҳр дар ҷаҳон хоҳад буд, ки ҳам Бозиҳои тобистона (соли 2008) ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст