Ҳабси сокини пойтахт барои дар саҳни ҳавлӣ аз мӯйи сар кашола кардани ҳамсараш

Пулиси Душанбе як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои озори ҳамсараш ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардааст. Аз ин мардд Солеҳ Сафарзода ном бурда мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Солеҳи Сафарзода бошандаи кӯчаи Борбади пойтахтро сокинони кӯчаи мазкур барои пайваста мавриди хушунат ва озор қарор додани ҳамсараш гирифта ба мақомоти пулис овардаанд.   Пулиси […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пулиси Душанбе як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои озори ҳамсараш ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардааст. Аз ин мардд Солеҳ Сафарзода ном бурда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Солеҳи Сафарзода бошандаи кӯчаи Борбади пойтахтро сокинони кӯчаи мазкур барои пайваста мавриди хушунат ва озор қарор додани ҳамсараш гирифта ба мақомоти пулис овардаанд. 

 Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Сафарзода  бо рафтори авбошонаи худ мунтазам даст ба озори ҳамсараш мезадааст.

«Аз ҷумла, шаби 23 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 20.00 дақиқа бо ҳамсараш муноқиша намуда, баъди таҳқиру дашном дар саҳни бинои истиқоматӣ аз мӯйи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст», – меорад дар як хабарнома РВКД.

Дар натиҷа, нисбат ба шаҳрванд Сафарзода Солеҳ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд, мегӯяд пулис.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.