Садамаи пурқурбонӣ дар Суғд: 4 куштаву як захмӣ дар беморхона

Вазорати корҳои дохилӣ, аз як ҳодисаи садамаи автомобилии пурқурбонӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, ин садама 24-уми январ дар шоҳроҳои Чаноқ-Масчоҳ-Ғафуров рух додааст, ки бар асари он 4 нафар куштаву як нафар захм бардоштааст. Ин ҳодиса, тахминан соати 16:30 рух додааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ВКД,  ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Умедҷон Аминов ҳангоми ҳаракат […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ, аз як ҳодисаи садамаи автомобилии пурқурбонӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, ин садама 24-уми январ дар шоҳроҳои Чаноқ-Масчоҳ-Ғафуров рух додааст, ки бар асари он 4 нафар куштаву як нафар захм бардоштааст.

Ин ҳодиса, тахминан соати 16:30 рух додааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ВКД,  ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Умедҷон Аминов ҳангоми ҳаракат дар ин роҳи мошингард, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21031», таҳти идораи ронанда, Абдураҳимов Абдурасул Маҳмудқулович бархӯрдааст. 

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21031»,  Абдураҳимов А.М ва мусофиронаш: Абдураҳимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1986, Абдураҳимова Холбибӣ, соли таваллудаш 1952 ва Абдураҳимова Айимгул Мамуровна, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳатҳои  гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд",-омадааст дар хабарномаи ВКД.

Худи Умедҷон Аминов ва мусофираш Қурбонов Шарифхон Муҳаммадиевич, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта,  дар  беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.