Вазири хориҷаи Эрон: сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон намедиҳем

Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки сафорати Афғонистон дар Теҳрон танҳо ба ҳукумати фарогире, ки бо ҳузури ҳамаи қавмҳо дар ин кишвар ташкил мешавад, вогузор мегардад. Абдуллоҳиён гуфтааст, ки ҳайати Толибон дар сафари ахирашон ба Теҳрон хостаанд, ки Эрон сафоратро ба ин гуруҳ вогузор кунад. Дар ин бора радиои дарии Садо ва Симои […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки сафорати Афғонистон дар Теҳрон танҳо ба ҳукумати фарогире, ки бо ҳузури ҳамаи қавмҳо дар ин кишвар ташкил мешавад, вогузор мегардад. Абдуллоҳиён гуфтааст, ки ҳайати Толибон дар сафари ахирашон ба Теҳрон хостаанд, ки Эрон сафоратро ба ин гуруҳ вогузор кунад.

Дар ин бора радиои дарии Садо ва Симои Эрон хабар медиҳад. Ба гузориши ин радио, вазири хориҷаи Эрон гуфтааст, ки амнияти марз ва мардуми Афғонистон, ташкили давлати фарогир дар ин кишвар барои мо муҳим аст.

Ҳарчанд дар бахши ирсоли энергияи мавриди ниёз ба Афғонистон таваҷҷуҳ ва ёрӣ мекунем, аммо дар айни ҳол аз тақозои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон сарфи назар накардаем,-гуфтааст Абдуллоҳиён.

"Вақте Мулло Муттақӣ (Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон – АП) сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон дар сафараш ба Теҳрон дархост кард, ки сафорати Афғонистонро ба ҳайати ҳукумати ҷадид таҳвил диҳем,  мо гуфтем дӯстиҳо ва бародариҳимон ба ҷойи худ, аммо таъкиди мо ба зарурати ташкили давлати фарогири босубот ва амнияти пойдор дар Афғонистон мавзуъи бисёр муҳим аст",-гуфтааст вазири хориҷаи Эрон.

Абдуллоҳиён гуфтааст, ки танҳо замоне, ки давлати фарогир бо стандартҳои шинохташуда ва бо ҳузури толибон, паштунҳо ва ҳамаи қавмҳои дигари Афғонистон шакл гирифт, он вақт метавонем дар бораи шиносоии вазъияти ҷадид дар Афғонистон ва вогузории сафорати ин кишвар дар Теҳрон ба ҳайати ҳукумати расмие, ки дар Афғонистон рӯйи кор меояд, тасмим бигирем ва иқдом кунем.

Дар оғози моҳи январ як ҳайате аз ҳукумати Толибон бо раҳбарии Амирхони Муттақӣ ба Эрон сафар карда буд ва бо вазири хориҷаи Эрон дидор ҳам доштанд. Баъдан дар пайи сафари ин ҳайат эълон шуд, ки Амирхони Муттақӣ бо Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Амир Исмоилхон, волии пешини Ҳирот ва яке аз фармондеҳони аршади Ҷамъияти исломии Афғонистон низ дидор доштааст.

Баъдан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури Аҳмади Масъудро дар ин мулоқот рад кард, вале гуфт Исмоилхон бо намояндагӣ аз ҷабҳа бо подармиёнии Эрон ва дархости Толибон ширкат карда буд, ки мулоқот бидуни натиҷа ба поён расид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.