60 ҳазор ҷарима ё ду соли зиндон: парвандаи “грилфурӯш” дар Хуҷанд ба додгоҳ расид

Додситонии шаҳри Хуҷанд парвандаи дӯкони мурғибирёнфурӯшии “Афғонбозор”-ри ин шаҳрро ба додгоҳ ирсол намуд. Оғози моҳи декабри соли гузашта дар пайи заҳролуд шудани даҳҳо нафар аз истеъмоли "грил"-ҳои ин нуқта, идораи беҳдоштии вилоятиСуғд ба дари ин дӯкон мӯҳр зада буд. Аз додситонии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду нафар боз шуда ба додгоҳи ин […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Pius

Додситонии шаҳри Хуҷанд парвандаи дӯкони мурғибирёнфурӯшии “Афғонбозор”-ри ин шаҳрро ба додгоҳ ирсол намуд. Оғози моҳи декабри соли гузашта дар пайи заҳролуд шудани даҳҳо нафар аз истеъмоли "грил"-ҳои ин нуқта, идораи беҳдоштии вилоятиСуғд ба дари ин дӯкон мӯҳр зада буд.

Аз додситонии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду нафар боз шуда ба додгоҳи ин шаҳр ирсол шуд. Онҳо аз руйи моддаи 207, қисми яки Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст) айбдор мешаванд.

Ин моддаи қонун аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.

Рӯзи 14-уми декабри соли гузашта Додситонии шаҳри Хуҷанд аз ин соҳибкор Мӯҳсинҷон Тоҷибоев ном бурда, гуфта буд ҳамроҳи аъзои хонаводааш “бо пухтупази гӯшти пастсифати мурғ машғул буд ва талаботи санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон кардааст”.

Назари соҳиби ин нуқтаи мурғбирёнфурғшӣ дар мавриди қазияи заҳролудшавии мардум ва  боз шудани парванда  то кунун барои расонаҳо дастрас нест. 

Манобеи “Азия-Плюс” мегӯянд, аз истеъмоли мурғбирёни пастсифат ва ғайрисанитарии соҳибкорон беш аз 50 кас заҳролуд шуда, даҳҳо тани онҳо дар Беморхонаи касалиҳои сироятии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шудаанд. Заҳролудшудагон сокинони шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.  

Мақомот гуфта буд, соҳибкор ва аъзои оилаи ӯ ҳангоми хизматрасонӣ бидуни гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ гӯшти мурғро омода карда онро дар дохили зарфҳои пластикӣ ва оҳанини дорои бактерияҳои “Экологӣ” ва дигар микрофлораҳои зараровар бо истифодаи хамира ва омехтаи помидор, қаланфури булғории хушккардашуда коркард карда, дар тафдони махсус пухта ба мизоҷон пешниҳод кардааст.

Таҳқиқи ин ҳодиса баъди он оғоз шуд, ки чандин нафар бо нишонаҳои дарунравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд ба Идораи беҳдоштии вилояти Суғд муроҷиат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.