Ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистонро дар дохили мошине дар Волгоград ёфтаанд

Субҳи 26-уми январ ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз дохили мошине дар яке аз минтақаҳои канории вилояти Волгогради Русия пайдо шудааст. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода гуфтааст, онҳо аз бӯйи газ дар дохили мошин ҷон бохтаанд. “Шаш шаҳрвани Тоҷикистон дар шароити номаълум шабро дар мошини номувофиқ, бидуни ҳавокашак (вентилятсия)-и кофӣ ва дастрасӣ ба ҳаво […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Субҳи 26-уми январ ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз дохили мошине дар яке аз минтақаҳои канории вилояти Волгогради Русия пайдо шудааст. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода гуфтааст, онҳо аз бӯйи газ дар дохили мошин ҷон бохтаанд.

“Шаш шаҳрвани Тоҷикистон дар шароити номаълум шабро дар мошини номувофиқ, бидуни ҳавокашак (вентилятсия)-и кофӣ ва дастрасӣ ба ҳаво (оксиген) дар наздикии деҳаи Рахинка саҳар мекунанд. Субҳ онҳо дар ҳолати мурда пайдо шудаанд”.

Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби марги зодагони Тоҷикистон заҳролудкунӣ аз гази ихроҷшуда тахмин зада мешавад. Ба навиштаи Интерфаксакс, ҳодисаро то ҳол манбаъҳои расмӣ шарҳ надодаанд.

Ҳамчунин то кунун ному насаб ва ҳувияти ин ҷонбохтагон расонаӣ нашудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “РИА Новости” ин шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тахмин зада мешавад дар пайи заҳролудшудавӣ аз гази ихроҷшуда ҷон бохтанд, коргарони хоҷагии кишоварзӣ мебошанд.

Дар ҷойи ҳодиса мақомоти тафтишотӣ санҷишро оғоз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.