Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 36 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ фиристод

Date:

Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2021 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 36 млн доллар 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст.

Ба гуфтаи вазир, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба миқдори 79 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

“Соли гузашта пиёзу хушкмева, ангур, меваи тару тоза ва сабзавоти Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи маҳсулоти асосии кишоварзии содиротӣ мебошанд, дар бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоти фурӯхта шуданд”, – иброз дошт вазир.

Зикр шуд, ки соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда 39,7 млрд сомониро ташкил дода, 28,7 млрд сомонии он ба бахши растанипарварӣ ва 11 млрд – ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 9% афзуда, 327,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, аз ҷумла дар ҷумҳурӣ зиёд аз 44 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 млн 49 ҳазор ҳосили картошка ба даст оварда шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, вазири кишоварзӣ аз савол дар бораи гарон шудани нуриҳои минералӣ изҳори тааҷҷуб намуд ва гуфт, ки сабабҳояшро намедонад.

“Бахши кишоварзии ҷумҳуриамонро мо бо нуриҳои минеарлӣ таъмин карда наметавонем. Талаботи мо 550 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Соли 2021 ба маблағи 42 млн доллар ба ҷумҳурӣ зиёда аз 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шуд. Агар “Тоҷик Азот” ба кор дарояд, мо худро бо азот таъмин намуда, лекин фосфор ва калий истеҳсол карда наметавонем”, – зикр кард Саъдӣ Қодирзода.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон нуриҳои минералиро аз Ӯзбекистон мехарад. Соли 2021 маблағи воридоти он аз ин кишвари ҳамсоя зиёда аз 30 млн долларро ташкил додааст.

Аз Туркманистон ба маблағи 4,4 млн доллар, Русия – 3,4 млн доллар ва Қазоқистон – 3,2 млн доллар нуриҳои минералӣ оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...