spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент гуфт, барои зимистон омодагии хуб даркор

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози кори маҷлис оид ба амалигардии “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода шунида шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар самти сиёсати дастгирии соҳибкорӣ санади бениҳоят муҳим арзёбӣ гардида, он барои гузаронидани ислоҳоти давра ба давра ва маҷмӯии қонунгузории ҶТ, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзи имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат намуд.

Қайд мешавад, ки ин Барнома дар се марҳила (марҳилаи аввал – солҳои 2012-2014, марҳиллаи дуюм – 2015-2017 ва мархилаи сеюм – 2018-2020) дар асоси нақшаҳои чорабиниҳое, ки барои татбиқи он бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул карда шуданд, татбиқ гардид.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 шумораи субъектҳои фаъолияти соҳибкории амалкунанда аз 187,0 ҳазори соли 2012 то 328,0 ҳазор дар соли 2020 расонида шуд. Дар ин раванд ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 70 фоиз, дар таъмини шуғли аҳолӣ 68 фоиз ва дар пардохти андозҳо 80 фоизро ташкил дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаи президенти Тоҷикистон ва ҳукумати мамлакат мебошад ва дар даврони истиқлолият ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар 8 соли охир Тоҷикистон мавқеи худро дар Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ба таври назаррас беҳтар карда, дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидаи ҳукумати кишвар дар солҳои 2015 ва 2020 Тоҷикистон ду маротиба ба қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил гардид.

Барои содаву осон намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани он, низомҳои Равзанаи ягона барои барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, барои бақайдгирии амволи ғайриманқул, инчунин механизмҳои дигари муосир бо истифодаи технологияҳои электронӣ ҷорӣ гардида, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодаанд.

Дар кори маҷлиси ҳукумати мамлакат Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат” вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода, Дар бораи “Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ барои давраи то соли 2030” вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи “Барномаи рушди саноати мошинсозии ҶТ барои солҳои 2020-2025” вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ҳисобот доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сипас,аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия”-ро муҳокима карданд.

Лоиҳаҳои қонунҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” аз масъалаҳои дигар ва муҳим буд, ки аз тарафи аъзои ҳукумат муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар охири кори маҷлис раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои сарвари давлат барои таъмини нақшаи тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тезонидани ҷамъоварии беталафи ҳосили шолӣ, маккаи дон, картошка, захираи тухмӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...