Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Iran Plast» дар Теҳрон

Date:

Ширкатҳои Тоҷикистон дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳрон ширкат кардаанд. Дар ин бора Палатаи савдову саноати  ​Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла,  ҶДММ «Холис Пласт», ҶДММ «Плас ТҶ», ҶДММ «Асали1», ҶДММ «Пласт мастер», ширкат кардаанд.

Ин ширкатҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд.

Палатаи савдову саноат мегӯяд, ки  масъулони ширкатҳои тоҷикӣ бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Русия, Арманистон, Узбекистон вохӯрда, дар форуму машваратҳо, ки дар доираи намоишгоҳдар назар аст, иштирок мекунанд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» зиёда аз 1200 ширкатро аз 15 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, майдони умумии намоишгоҳ 75 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Палатаи савдову саноат гуфтааст, ки шштирок дар ин намоишгоҳ "ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт омӯзанд, шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд".

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» то 10 феврал идома меёбад. Намоишгоҳи «Iran Plast» бузургтарин рӯйдоди санъати паластик дар минтақаи Ховари миёна ба шумор меравад. д ва дар байн намоишгоҳҳои мӯътабар санъат палостик ҷаҳон табақа банди мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...