Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Iran Plast» дар Теҳрон

Ширкатҳои Тоҷикистон дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳрон ширкат кардаанд. Дар ин бора Палатаи савдову саноати  ​Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла,  ҶДММ «Холис Пласт», ҶДММ «Плас ТҶ», ҶДММ «Асали1», ҶДММ «Пласт мастер», ширкат кардаанд. Ин ширкатҳо асосан ба […]

Ширкатҳои Тоҷикистон дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳрон ширкат кардаанд. Дар ин бора Палатаи савдову саноати  ​Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла,  ҶДММ «Холис Пласт», ҶДММ «Плас ТҶ», ҶДММ «Асали1», ҶДММ «Пласт мастер», ширкат кардаанд.

Ин ширкатҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд.

Палатаи савдову саноат мегӯяд, ки  масъулони ширкатҳои тоҷикӣ бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Русия, Арманистон, Узбекистон вохӯрда, дар форуму машваратҳо, ки дар доираи намоишгоҳдар назар аст, иштирок мекунанд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» зиёда аз 1200 ширкатро аз 15 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, майдони умумии намоишгоҳ 75 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Палатаи савдову саноат гуфтааст, ки шштирок дар ин намоишгоҳ "ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт омӯзанд, шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд".

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» то 10 феврал идома меёбад. Намоишгоҳи «Iran Plast» бузургтарин рӯйдоди санъати паластик дар минтақаи Ховари миёна ба шумор меравад. д ва дар байн намоишгоҳҳои мӯътабар санъат палостик ҷаҳон табақа банди мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.