ИМА барои маълумот дар бораи роҳбари филиали ДОИШ дар Афғонистон 10 млн доллар медиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баро маълумоте, ки ҷиҳати дастгир кардан ё нобуд сохтани роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ-Хуросон Саноуллоҳ Ғаффорӣ, маъруф бо номи Шаҳоб ал-Муҳоҷир кумак мекунад, 10 млн доллар мукофотпулӣ пешниҳод кард. Маълумоти марбутаро дар ин бора Департаменти давлатии ИМА нашр кард, менависад Фергана. Бино ба маълумоти хадамоти махсуси амрикоӣ, Ғаффорӣ ДОИШ-Хуросонро моҳи июни соли 2020 […]

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баро маълумоте, ки ҷиҳати дастгир кардан ё нобуд сохтани роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ-Хуросон Саноуллоҳ Ғаффорӣ, маъруф бо номи Шаҳоб ал-Муҳоҷир кумак мекунад, 10 млн доллар мукофотпулӣ пешниҳод кард. Маълумоти марбутаро дар ин бора Департаменти давлатии ИМА нашр кард, менависад Фергана.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси амрикоӣ, Ғаффорӣ ДОИШ-Хуросонро моҳи июни соли 2020 ба роҳбарӣ гирифт. Маҳз ӯро гунаҳкори ҳамлаи террористӣ дар назди фурудгоҳи Кобул, ки 26 августи соли гузашта ҳангоми аз ҷониби низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон кӯчонидани хориҷиён ва афғонҳо рух дод, гунаҳкор медонанд. Он замон бар асари худро таркондани як маргталаб қариб 170 шаҳрванди Афғонистон ва 13 низомии артиши ИМА ҳалок шуданд.

Рӯзи 4 феврал вазорати дифои ИМА наворҳои ҳавопаймои бесарнишинро аз ҳамлаи рӯзи 26 август нашр кард. Ба гуфтаи ин вазорат, бар асоси таҳлили ин маълумот, низомиён ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо як инфиҷори худкушӣ сурат гирифтааст, ҳарчанд дар аввал зикр шуда буд, ки ду бомбгузори маргталаб дар наздикии фурудгоҳ худро таркондаанд.

Пас аз ин ҳамлаи террористӣ артиши ИМА дар вилояти Нангарҳори шарқи Афғонистон тариқи ҳавопаймои бесарнишин зарбаи ҳавоӣ анҷом дод. Ба гуфтаи низомиён, ба ин васила муяссар шуд, ки ду намояндаи воломақоми ДИИШ- Хуросон, ки бевосита дар омодасозии ҳамла дар наздикии фурудгоҳи Кобул даст доштанд, нобуд карда шаванд.

Моҳи ноябри соли гузашта ИМА нисбат ба Ғаффорӣ ва чандеи дигар аз роҳбарони филиали “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон таҳримҳо ҷорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки ин гурӯҳи террористӣ бар зидди ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” ва аҳолии осиштаи Афғонистон фаъолона меҷангад ва амалҳои террористӣ анҷом медиҳад, ки аз онҳо бахусус намояндагони мардуми ҳазораи мазҳаби шиъа осеб мебинанд.

Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар аввали соли 2015 дар вилояти Нангарҳори Афғонистон пайдо шуда, фаъолиятҳояш дар вилоятҳои Кунар ва Ҷузҷон густариш дод. Фаъолиятҳои ин гуруҳ дар соли 2016 дар пайи амалиёти низомиёни Амрико ва афғон суст шуда буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.