210 млн доллар. Соли 2021 Чин ба Тоҷикистон аз ҳама бештар сармоягузорӣ кард

Date:

Соли 2021 ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама бештар Чин сармоягузорӣ кард, ки маблағи он дар як сол 210 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар идома Туркия – 25 млн, Швейтсария – 21 млн, Фаронса – 19 млн, Кипр – 10 млн ва Британияи Кабир – 6 млн доллар қарор доранд, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода.

Ба иттилои вай, вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 баробар афзуда, зиёда аз 700 млн долларро ташкил додааст, ки 280 млн бештар нисбат ба соли пешин (соли 2020) аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар баробари ин ҳаҷми сармоягузории мустақим 2,1 баробар зиёд шуда, 340 млн долларро ташкил додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саъдӣ Қодирзода

Ба қавли раиси Кумита, сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 56,9%, саноати коркард – 9,9%, сохтмон – 2,1% ва дигар соҳаҳо – 31,1% равона шудааст.

Қодирзода зикр кард, ки айни замон дар кишвар 78 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 42 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,7 млрд доллар) амалӣ мешавад, ки аз ин миқдор то ин дам 5 млрд сомониаш азхуд шудааст.

Аз ҷумла 160 млн доллар ба таъсиси корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсоли гӯшт ва коркарди канданиҳои фоиданок равона шуда, боз дар 6 лоиҳа таъсиси корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси 3500 ҷойҳои нави кориро таъмин мекунад.

Соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 6 млрд сомонӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки 80%-и онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...