Вазорати рушди иқтисод: Соли 2021 савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон 2 баробар афзуд

Дар вохӯрии рӯзи 9 феврал байни вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ зикр шуд, ки соли 2021 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба 121 млн доллар расид. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳар ду давлат гардиши савдои дуҷониба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар вохӯрии рӯзи 9 феврал байни вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ зикр шуд, ки соли 2021 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба 121 млн доллар расид.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳар ду давлат гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2021 то ба 121 млн. доллар расида, 2 маротиба зиёдтар  нисбат ба соли 2020 мебошад.

“Ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн. доллар ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон омодагӣ баён намуданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ аз Завқӣ Завқизода даъват кард, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷумла «Чобаҳор» ва шаҳракҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.