Нафаре, ки худро дар варзишгоҳи “Авиатор” ба дор овехт, сокини 39-солаи Душанбе будааст

Нафаре, ки гуфта мешавад, дар варзишгоҳи маъруф ба “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар “турник” худро ба дор овехт, марди 39-сола буда, аз ӯ сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе ном бурданд. Дар ин бора аз РВКД шаҳри Душанбе ба “Азия – Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе […]

Мазхаб Джума, Asia-Plus

Нафаре, ки гуфта мешавад, дар варзишгоҳи маъруф ба “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар “турник” худро ба дор овехт, марди 39-сола буда, аз ӯ сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе ном бурданд. Дар ин бора аз РВКД шаҳри Душанбе ба “Азия – Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тафтиш мешавад.

 – Ҳодиса пеш аз зуҳри имрӯз, 11 феврал рух дод. Тафтиши чунин ҳодисаро прокуратура пеш мебарад. Сабабҳои даст ба чунин амал заданро онҳо муайян мекунанд. Ҳоло чизе маълум нест. Гурӯҳи корӣ ба ҷои ҳодиса рафта, ҳодисаро тибқи маълумоти пешакӣ аз рӯи худкушӣ ба қайд гирифтанд, – гуфтанд аз РВКД Душанбе.

Ному насаби шахсе ки худро ба дор овехт барои “Азия – Плюс” маълум аст ва аз ӯ М.Ҷ. ном мебаранд .

Ёдовар мешавем, ки имрӯз “Азия – Плюс” бо такя ба манбаъи худ хабар дода буд, ки дар варзишгоҳи маъруф ба “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансур як хонандаи мактаб дар “турник” худро ба дор овехтааст. Хабари худкушӣ намудани як нафарро дар варзишгоҳи “Авиатор” маркази матбуотии ВКД Тоҷикистон ва РВКД шаҳри Душанбе тасдиқ намуда буданд.

Аз ВКД гуфта буданд, ки барои мушаххас намудани шахси овехташуда, гурӯҳи корӣ равон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.