КҲФ: То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма ва ях боқӣ мемонад

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки  то 16-уми феврал дар ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма ва яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар хабари нашршудаи Кумита зикр мегардад, ки дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ вуҷуд хоҳад дошт.

“Барои таъмини бехатарии мошинҳо ва ронандагону мусофирон дар роҳҳои мошингард наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти КҲФ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Бо муроҷиат ба ронандагон Кумита тавсия медиҳад, ки зимни ҳаракат дар қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ эҳтиёткор буда, суръатро баланд накунанд ва масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя намоянд.

“Ронандагони муҳтарам! Ҳангоми ҳаракат дар хотир дошта бошед, ки дар роҳи барфпӯш масофаи бозистии автомашина қариб се баробар тӯлонитар мешавад”, – таъкид мекунад Кумита.

Дар ин робита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мешавад, ки дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...