Арзиши сӯзишворӣ дар Душанбе рӯ ба пойин аст, газу бензин арзонтар шуданд

Пас аз авҷи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта айни замон дар нуқтаҳои фурӯш он бо нишондиҳандаҳои дурақама поин меравад. Нархи чакана ба бензини “навъи маъмулӣ” миёни мардум (АИ-92) аз даҳаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз ба андозаи 11,5%, сӯзишвории диделӣ (солярка) – 11,3% ва гази моеъ – 13,3% […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз авҷи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта айни замон дар нуқтаҳои фурӯш он бо нишондиҳандаҳои дурақама поин меравад.

Нархи чакана ба бензини “навъи маъмулӣ” миёни мардум (АИ-92) аз даҳаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз ба андозаи 11,5%, сӯзишвории диделӣ (солярка) – 11,3% ва гази моеъ – 13,3% поин рафт.

Айни замон 1 литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 10,20 сомонӣ ва гази моеъ – 6,50 сомонӣ нарх доранд.

Аввали даҳаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 замоне, ки нархҳо баъди афзоиши бесобиқа аз оғози сол ба авҷи худ расиданд, арзиши 1 литр бензин дар Душанбе 11,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,50 сомонӣ ва гази моеъ – 7,50 сомониро ташкил медод.

Вазъ дар бозори сӯзишворӣ чӣ гуна буд?

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳанӯз ним моҳ пеш то тадриҷан поинравии нархи сӯзишворӣ пешгӯйӣ карда буданд, ки аз нимаи дуюми моҳи ноябр арзиши сӯзишворӣ ба эътидол меояд.

Ин пешгӯйии хушбинонаи худро онҳо чунин маънидод карданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби камшавии талабот ба маводи сӯзишворӣ, қимати онҳо дар як сатҳ боқӣ мемонад ё ҳатто поин меравад ва дар давраи баҳору тирамоҳ вақти корҳои кишоварзӣ боло меравад.

Гап сари он аст, ки дар мавсими баҳору тирамоҳ бо сабаби фаъолшавии корҳо дар бахши кишоварзӣ, талабот ба маводи сӯзишворӣ афзуда, мутаносибан, нархҳо ҳам зиёд мешаванд.

Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ аз оғози соли гузашта оғоз гардида, моҳи март суръат гирифт ва қариб то охири моҳи апрел идома ёфт, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омада, нархҳо ҳатто каме поин рафтанд.

Тамоили нави афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ дар моҳи июн оғоз гардида, то нимаи моҳи ноябр идома ёфт ва сипас ҷараёни поинравии он шурӯъ шуд.

Болоравии назарраси маводи сӯхтро ширкатҳои воридкунанда афзоиши нархгузории нафт дар саросари ҷаҳон, нархҳои фурӯши корхонаҳои коркард, инчунин тибқи нақша барои таъмир аз фаъолият бозмондани корхонаҳои коркарди нафт дар Русия ва Қазоқистон, ки ҳудуди 95%-и сӯзишворӣ аз ин кишварҳо оварда мешавад, маънидод мекунанд.

Ғайр аз ин, зикр шуд, ки нархҳо вобаста ба вазъияти марбут ба маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилӣ, яъне камбуд ё барзиёдии он тағйир ёфта метавонанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли 2021 ба Тоҷикистон ҳудуди 620 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 60% бештар нисбат ба соли пешин (2020) мебошад.

Ҳудуди 87%-и маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз Русия, 7,3% – аз Қазоқистон, 2,6% – аз Ӯзбекистон, 2,4% – аз Туркманистон ва боқимонда аз дигар кишварҳо оварда шудааст.

Соли гузашта ба 1 тонна сӯзишворӣ ширкатҳои интиқолдиҳандаи он ба ҳисоби миёна 667 доллар пардохт намудаанд, ки 200 доллар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.