ВКД: дар Душанбе марде аз ҷавонзан бо сурати бараҳнааш пул тамаъ кард

Дар Душанбе як марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мард бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардаааст. Гуфта мешавад, баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе як марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мард бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардаааст.

Гуфта мешавад, баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш ва дар шабакаҳои интернетӣ паҳн менамояд.

“Ҳамин тариқ, ӯ бо ин роҳ аз ҷабрдида дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мувофиқи ин модда, ӯ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо гирифта метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.