Бар асари вазъ дар Украина баъзе парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба таъхир афтод

Дар робита ба вазъият дар Украина чанде аз парвозҳо ба баъзе шаҳрҳои Русия боздошта шуданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агении авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон. “Тавре ки огаҳед, бо қарори Росавиатсия фаъолияти 12 фурудгоҳ дар наздикии сарҳад бо Украина муваққатан боздошта шуд. Аз Тоҷикистон ба сето аз ин фурудгоҳҳо дар шаҳрҳои Краснодар, Ростови лаби […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар робита ба вазъият дар Украина чанде аз парвозҳо ба баъзе шаҳрҳои Русия боздошта шуданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агении авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.

“Тавре ки огаҳед, бо қарори Росавиатсия фаъолияти 12 фурудгоҳ дар наздикии сарҳад бо Украина муваққатан боздошта шуд. Аз Тоҷикистон ба сето аз ин фурудгоҳҳо дар шаҳрҳои Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж парвозҳо анҷом дода мешуд”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, хатсайрҳое, ки ба шаҳрҳои зикршуда ба нақша гирифта шудааст, шояд ба фурудгоҳҳои наздики ин шаҳрҳои Русия сурат бигирад.

“Ин тадбирҳои муваққатӣ то 2 март идома ёфта, минбаъд ба вазъият вобаста хоҳад буд. Ҳамаи ин тадбирҳо баҳри таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон рӯйи даст гирифта мешавад”, – изҳор доштанд дар Агентӣ.

Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки дарвоқеъ ҳам парвоз бо чанде аз хатсайрҳоро боздошта, ба мусофироне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, ивази билетҳо ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунанд ё пулашонро бармегардонанд.

“Фурӯши билетҳо ба смати Краснодар, Воронеж ва Ростови лаби Дон муваққатан то 2 март боздошта шуд. Ба мусофироне, ки то боздошти парвозҳо билет гирифта буданд, ивази он ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунем ё пулашонро бармегардонем”, – гуфтанд дар ин нуқтаи фурӯш.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии S7-и Русия, ки бо хатсайри Хуҷанд – Воронеж парвозҳо анҷом медиҳад, ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки рӯзи 2 март иҷрои ду парвозро ба Воронеж ба нақша гирифтаанд.

“Бароямон ҳоло маълум нест, ки рӯзи 2 март ба парвозҳои пешбинишуда иҷоза медиҳанд ё не. Моро дар бораи мутаваққиф намудани онҳо огоҳ накардаанд ва билетҳо ҳоло дар фурӯшанд”, – иброз доштанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар атрофи Украина кори баъзе фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия муваққтан боздошта шуд.

Тибқи маълумоти Росавиатсия, маҳдудиятҳо то соати 03:45 (вақти Маскав)-и 2 марти соли 2022 амал мекунанд. Ҳамагӣ фаъолияти 12 фурудгоҳи зерини Русия муваққатан боздошта шудааст: Ростов (Платов), Краснодар (Пашковский), Анапа (Витязево), Геленжик, Элиста, Ставропол, Белгород, Брянск, Орел, Курск, Воронеж, Симферопол.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.