Толибон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки гӯё алайҳи ин гурӯҳ дар Кобул ҷиҳод эълон кардааст

Вазорати дохилаи "Толибон" аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул хабар додааст, ки гӯё ба пойтахти Афғонистон омада алайҳи "Толибон" ҷиҳод эълон кардааст. Дар хабарномаи "Толибон" омадааст, гӯёи ин шаҳрванди Тоҷикистон узви ДОИШ будааст. Дар видео, ки вазорати дохилаи Толибон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми март нашр кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки "исми аслиям Умед, номи […]

Asia-Plus

Вазорати дохилаи "Толибон" аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул хабар додааст, ки гӯё ба пойтахти Афғонистон омада алайҳи "Толибон" ҷиҳод эълон кардааст.

Дар хабарномаи "Толибон" омадааст, гӯёи ин шаҳрванди Тоҷикистон узви ДОИШ будааст.

Дар видео, ки вазорати дохилаи Толибон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми март нашр кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки "исми аслиям Умед, номи мустаорам Аҳмад Фарид ва аз Тоҷикистон ҳастам. Аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз Русия ба Туркия, аз Туркия ба Эрон, аз Эрон Афғонистон бар зидди муҷоҳиддини иморат ҷиҳод мекунам".

Нашрияи "Иттилооти рӯз"-и Кобул бо такя ба як манбаъ дар вазорати дохилаи Толибон менависад, ки ин шаҳрванди гӯё Тоҷикистон дар ноҳияи 15-уми шаҳри Кобул боздошт шуда ва бо доштани робита ба гурӯҳи ДОИШ муттаҳам аст. 

Мақомоти қудратии Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Дар видеое, ки ин ҷавон суҳбат мекунад, ӯ тақрибан ҷавон 24-25-сола ба назар мерасад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон ва аз тоҷикони зодаи Тоҷикистон аст ё аз тоҷикони афғонистониасли зодаву бузургшудаи Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио