Баъди раиси ҷамоат, боз як корманди Кумитаи замини Шаҳритусро овехта дарёфтаанд

Дар ноҳияи Шаҳритус, баъди ду ҳафтаи даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат, имрӯз ҷасади як мутахассиси Кумитаи идораи замини ин ноҳияро овехта пайдо кардаанд. Як манбаъ аз ин ноҳия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҷасади Фирӯз Ҳурматов, мутахассиси идораи замини ниҳояро, имрӯз, баъд аз зуҳр дар хонаи иҷорааш дар маркази ноҳия пайдо кардаанд.  Дар ҳоли ҳозир […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Шаҳритус, баъди ду ҳафтаи даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат, имрӯз ҷасади як мутахассиси Кумитаи идораи замини ин ноҳияро овехта пайдо кардаанд.

Як манбаъ аз ин ноҳия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҷасади Фирӯз Ҳурматов, мутахассиси идораи замини ниҳояро, имрӯз, баъд аз зуҳр дар хонаи иҷорааш дар маркази ноҳия пайдо кардаанд. 

Дар ҳоли ҳозир сабабу далеҳои ин ҳодиса маълум нест. Мақомоти қудратии Шаҳритус то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд. Манбаъи мо аз Ҳурматов мутахассиси ҷавон ном бурд, вале гуфт, ки бо ӯ ошно набудааст ва дар бораи ӯ чизи бисёре намедонад.

Пайдо шудани ҷасади ин мутахассиси ҷавон дар ҳолест, ки 11-уми феврал дар ин ноҳия раиси ҷамоати ба номи Ҷӯра Назаров, Хушқадам Нодиров даст ба худкушӣ зада буд. 

Ҷаббори Ғафор раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш, рӯзи 15-феврали соли 2022, сабаби даст ба худкушӣ задани ин раиси ҷамоатро мушкилоти хонаводагӣ номида буд.

Ҷасади ин раиси ҷамоатро субҳи 11-уми феврал овехта пайдо карда буданд.

"Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкуши заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дасхат навиштааст ва дар дасхат низ гуфтааст, сабаби худкушӣ карданаш мушкили оилавияш мебошад",-гуфта буд раиси ноҳия.

Ин суханони раиси нощия дар дар ҳоле буд, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешуд марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз яке аз филиалҳои бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будааст.

Аммо раиси ноҳия гуфт, инҳо овоза ҳастанд ва асос надоранд. Раиси гуфт, ки ӯ дар кораш мушкиле надошт.

Даст ба худкушӣ задани раиси ҷамоат дар ҳоле буд, ки як манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки як рӯз пеш аз ҳодиса бо роҳбарии худи ин раиси ҷамоат дар масъалаи даст ба худкушӣ задан, пешгириҳо аз ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳамоише бо ҳузури бо мардум гузаронда шуда буд. Худи Хушқадам Нодиров низ дар ин ҳамоиш суханронӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми феврали соли 2022, ҷасади раиси ҷамоат Хушқадам Нодиров дар манзили зисташ овехта пайдо карданд.

Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.