Даври дувуми гуфтушуниди Русияву Укроин ба поён расид. Танҳо як созиш ҳосил шуд

Дар вилояти Брести Белорус даври дувуми гуфтугӯҳои Русияву Укроин ба поён расид. Дар поёни гуфтугӯ ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар фурсатҳои наздик барои берун овардани сокинони осоишта долон таъсис медиҳанд. Михаил Подоляк, ёвари раиси дастгоҳи президенти Укроин гуфт, кишвараш дар ин мулоқот ба натиҷаҳое даст наёфт, ки умедворашон буд. Ҷонибҳо барои даври севуми гуфтугӯҳо созиш […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар вилояти Брести Белорус даври дувуми гуфтугӯҳои Русияву Укроин ба поён расид. Дар поёни гуфтугӯ ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар фурсатҳои наздик барои берун овардани сокинони осоишта долон таъсис медиҳанд.

Михаил Подоляк, ёвари раиси дастгоҳи президенти Укроин гуфт, кишвараш дар ин мулоқот ба натиҷаҳое даст наёфт, ки умедворашон буд. Ҷонибҳо барои даври севуми гуфтугӯҳо созиш карданд.

Пеш аз мулоқот дар "Беловежская пуща" Киев гуфт, ки ҳадафи асосӣ – оташбаси фаврӣ, сулҳ ва боз кардани долон аст.

Владимир Мединский, ёвари президенти Русия низ гуфт, ки бояд барои берун овардани сокинони осоишта аз маҳалли ҷанг долон таъсис шавад.

Владимир Путин, президенти Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, амалиёти низомӣ дар ҳар сурат бояд ба ҳадаф расад.

Макрон баъди ин суҳбат гуфт, ки Путин тасмим дорад, ҳамаи Укроинро ғасб кунад ва мунтазир аст, ки дунё шартҳои ӯро иҷро мекунад.

Мулоқоти аввали ҳайатҳои ду кишвар рӯзи 28 феврал баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.