Қурби доллар ва евро дар Тоҷикистон боз 15% боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии долларро нисбат ба асъори маҳаллӣ – сомонӣ якбора ба андозаи 15% боло бурд. Мувофиқи қурби муқарранамудаи БМТ, имрӯз, 9 март 1 доллар 13 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш 1 доллар ба 11,30 сомонӣ баробар буд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло ба ҳеҷ гунае вазъ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии долларро нисбат ба асъори маҳаллӣ – сомонӣ якбора ба андозаи 15% боло бурд.

Мувофиқи қурби муқарранамудаи БМТ, имрӯз, 9 март 1 доллар 13 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш 1 доллар ба 11,30 сомонӣ баробар буд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло ба ҳеҷ гунае вазъ дар бозори асъорро шарҳ намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ соли дуюм пас аз тасҳеҳи ахир рӯзи 4 ноябри соли 2020 бетағйир боқӣ монда буд.

Ҳамчунин Бонки миллӣ қурби расмии сомониро нисбат ба евро ба андозаи 14,9%: аз 12,3486 сомонии чанде пеш то ба 14,1908 сомонӣ ба имрӯз тағйир дод.

Қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ баръакс ба андозаи 8,5% боло рафта – аз 0,0910 сомонӣ барои 1 рубл рӯзи 8 март то ба 0,0995 сомонӣ барои имрӯз боло рафтааст.

Қобили зикр аст, ки беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон бо оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина – аз 24 феврал шурӯъ шуд. Дар ин давра қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 35,7% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратӣ ҳафтаи дуюм аст, ки ин навъи асъори серталаб фурӯхта нашуда, лекин бо камоли майл қабул карда мешавад. Бонки миллӣ вазъияти мавҷударо дар бозори асъори нақд ҳоло шарҳ надодааст.

Мутахассиси яке аз бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ бидуни ифшои ному насаб ҳафтаи гузашта ба “Азия-Плюс” дар ин робита эътироф карда буд, ки дар бораи манъи фурӯши асъор дастури шифоҳӣ мавҷуд аст.

Ӯ зикр кард, ки бар асари даргирӣ дар Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ, вазъи молиявӣ ва иқтисодӣ дар Русия, ки ҳиссаи зиёди асъор аз ин кишвар ба мо ворид мегардад, рӯз то рӯз мушкил мешавад.

“Бинобар ин ба бонкҳо пешниҳод шудааст, ки асъорро сарфа кунанд, то ки барои бо маблағ таъмин кардани воридкунанагони молу маҳсулот имкон дошта бошанд”, – изҳор дошта буд ҳамсуҳбати мо.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.