Ройгон ва бо ду парвози вижа: Тоҷикистон ба берун овардани шаҳрвандонаш аз Укроин оғоз мекунад

Date:

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки 10-уми март ба берун овардани шаҳрвандони кишвар аз Укроин тавассути Лаҳистон оғоз кунанд. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Сафир гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бо ташкили ду парвози ройгон мехоҳанд шаҳрвандони кишварро ба Тоҷикистон баргардонанд. 

"Бино ба иттилои ахир 350 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёни онҳо занону кӯдакону шахсони солхӯрда ҳам ҳастанд мехоҳад ба ватан баргарданд. Дар миёни онҳо донишҷӯён низ ҳастанд. Дар назар аст рӯзҳои 10-11-уми март ду парвоз Лаҳистон ба Душанбе сурат бигирад",-таъкид кард Сатторов.

Сафир гуфт, ки то кунун замони парвозҳо мушаххас нашудааст ва дар сурати мушаххас шудани парвозҳо онҳо иловатан хабар хоҳанд дод. 

Ба гуфтаи ӯ,  аз оғози низоъ миёни Русияву Укроин беш аз 1 ҳазору 55 шаҳрванди Тоҷикистон марзи Лаҳистонро убур кардаанд. 

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд тавассути ин парвозҳо ба кишвар баргарданд, бояд ё шиносмаашонро бо худ дошта бошанд ё дар сурати надоштани шиноснома аз сафорат санади баргашт ба кишварро дарёфт кунанд. 

"Сафорат ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад ва ба шаҳрвандоне, ки барои мадад муроҷиат мекунанд, ёрӣ мерасонад. Телефони сафорат (49-30) 347 93 00 бистучаҳор соат фаъол аст ва зангҳоро мепазирад",-гуфт сафири Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар кишварҳои аврупоӣ бимонанд бояд дар давоми 30 рӯз санадҳои будубошашонро дуруст кунанд, киба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд.

Бино ба иттилои расмӣ то оғози ҳамлаи Русия ба Укроин бештар аз 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Укроин қарор доштанд, ки ин онҳоеро, ки бидуни сабти ном дар ин кишвар ба сар мебурданд ё шаҳрвандии Укроинро дарёфт карда буданд,  дар бар намегирад. 

Аз ин пештар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистону Тоҷикистон шаҳрвандони худро аз Укроин берун оварда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...