Карзай гуфт, ки “Толибон” сафари ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба хориҷ манъ кардаанд

Date:

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳибае бо шабакаи "Ал-Олам'-и Эрон гуфтааст, ки ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон барои берун рафтан аз кишвар ба мушкилоте мувоҷеҳ ҳастанд.
 
Ин мусоҳиба, дирӯз, чаҳоршанбеи 9 март нашр шуд. 

Карзай дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи монеаҳо дар сафарҳои хориҷияш гуфтааст, ки  "бале, дар сафарҳое, ки қарор буд бо доктар Абдуллоҳ Абдулоҳ дошта бошем, ба сурати ҷудогона мушкилоте мавҷуд буд, ки умедворам бартараф шавад".

Аммо ӯ гуфтааст, ки барои гаштугузор дар дохили кишвар, аз ҷумла Кобул озод аст ва бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳар ҷо, ки бихоҳанд, метавонанд бираванд.
 
Пештар хабарҳое нашр шуда буд, ки "Толибон" ба хориҷ рафтани Карзай ва Абдуллоҳро манъ кардаанд ва онҳо дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ин хабарро ҳатто бархе вз аъзои толибон ҳам таъйид карда буданд.

Мақомҳои "Толибон" то кунун дар бораи далелҳои мамнуъулхуруҷ шудани Карзайу Абдуллоҳ то кунун изҳори назар накардаанд.

Карзайу Абдуллоҳ аз мақомҳои баландпояи ҳукумати пешин ҳастанд, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон то кунун дар Кобул мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...