Беш аз 92%-и аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд

То 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, инчунин то санаи зикргардида  4 млн 900 ҳазору  199 нафар (87,5%) шаҳрвандони мамлакат аз вояи дуюм ва 1 млн 89 ҳазору 922 нафар (19,5%) аз вояи сеюми ваксина эм гирифтаанд. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

То 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, инчунин то санаи зикргардида  4 млн 900 ҳазору  199 нафар (87,5%) шаҳрвандони мамлакат аз вояи дуюм ва 1 млн 89 ҳазору 922 нафар (19,5%) аз вояи сеюми ваксина эм гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Тибқи маълумоти сомонаи covidtj,  ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар аз 18 феврал ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон – 17 ҳазору 264 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио