ИМА имсол ҳам мактаб барои фарзандони гурезаҳои афғонро дар Душанбе дастгирӣ мекунад

Ягона мактаб барои фарзандони гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон – “Сомониён”, ки пас аз иваз шудани ҳокимият дар Кобул аз дастгирии давлатӣ маҳрум шуд, имсол ҳам бо дастгирии созмони шаҳрвандии “Spirit of America” дар ҳамдастӣ бо сафорати ИМА дар Душанбе фаъолият хоҳад кард. Намояндаи созмони “Spirit of America” Зак Баззи имрӯз дар ин робита ба рӯзноманигорон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ягона мактаб барои фарзандони гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон – “Сомониён”, ки пас аз иваз шудани ҳокимият дар Кобул аз дастгирии давлатӣ маҳрум шуд, имсол ҳам бо дастгирии созмони шаҳрвандии “Spirit of America” дар ҳамдастӣ бо сафорати ИМА дар Душанбе фаъолият хоҳад кард.

Намояндаи созмони “Spirit of America” Зак Баззи имрӯз дар ин робита ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки барои дастгирии мактаб 83 ҳазор доллар маблағ равона мегардад.

“Маблағи ҷудошуда хароҷот барои иҷора, нақлиёт барои толибилмон ва дастрасӣ ба интернетро таъмин мекунад”, – иброз дошт Баззи.

Ба гуфтаи ӯ, аввалин кумаки молиявие, ки созмон муддати шаш моҳи соли 2021 расонида буд, самараи хуб дод.

“Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки соли ҷорӣ низ ин мактаб ва ҳамчунин маркази ҷавононро дар шаҳри Ваҳдат, ки ба ин марказ 35 ҳазор доллар ҷудо мешавад, дастгирӣ кунем, то ки кӯдакон ва ҷавонон ба захира ва имконоти таълимӣ дастрасӣ дошта бошанд”, – гуфт вай.

Баззи таъкид дошт, ки сарфи назар аз душвориҳо, ин кӯдакон ҳамарӯза ба мактаб меоянд, то ки барои ояндаи худ маълумот гиранд.

Мудири мактаби “Сомониён” Ноҷия Зоҳир зикр кард, ки айни замон мактаб дигар сарпарасте надорад.

“Мактаб ба кумак ва сарпарастон ниёз дошта, аз ҳама гуна дастгирӣ хушнудем, – гуфт ӯ. – Ба мактаб китобу озмоишгоҳҳо ва гуруҳҳои варзишӣ лозим аст”.

Ӯ ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирӣ ва фароҳам овардани шароит барои паноҳандагони афғон ҷиҳати дастрасӣ ба таълиму омӯзиш изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз кумак хонандагони мактаб ҳам изҳори хурсандӣ мекунанд. Яке аз онҳо бо номи Мустафо, ки имсол мактабро хатм мекунад, ба “Азия-Плюс” хурсандиашро чунин изҳор кард:

“Хавотир будам, ки мактабро хатм карда наметавонам, акнун чунин имконият дорам”, – гуфт ӯ ва ба ҳукумати ИМА барои дастгирии навбатӣ изҳори сипос кард.

Хонандаи дигари мактаб  Марям мегӯяд, ним сол аст, ки пас аз тасарруфи ҳукумат аз ҷониби толибон дар кишвараш, бо оилаашон дар Тоҷикистон қарор дорад.

“Аз ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии молиявии ИМА тариқи созмонҳои худ хеле миннатдорам, – иброз дошт вай. – Акнун маълумот гирифта метавонам, дар кишварам чунин имконият набуд”.

Пас аз вохӯрӣ бо журналистон бо иштироки толибилмони афғон барномаи консертӣ намоиш дода шуд. Дар доираи чорабинӣ инчунин оши палав ҳам пухта шуд.

Суратҳо аз Asia-Plus

“Spirit of America” – созмони хусусии ғайритиҷоратӣ бо қароргоҳ дар ИМА мебошад, ки ба ҷалби шаҳрвандон барои таҳкими муносибатҳо бо иттифоқчиён, дӯстон ва шарикон баҳри дастгирии одамон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳаёти беҳтару озод машғул аст. “Spirit of America” дар баробари ҳарбиён ва дипломатҳои амрикоӣ баҳри қонеъ намудани талаботи одамон дар маҳалҳо дар зиёда аз 90 кишвар дар саросари дунё кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.