Сабаби бархӯрди автобус ба 7 такси дар Душанбе маълум шуд

Сабаби садамаи нақлиёт, ки дар он рӯзи 2 апрел автобус ба 7 автомашинаи такси бархӯрд, маълум шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, “маълум шудааст, ки ронанда сари чанбараки автобус хобаш бурдааст”. Ба иттилои манбаъ, ташхиси хуни ронанда дар мавриди мавҷуд будани машрубот ва маводи нашъаовар дар он […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сабаби садамаи нақлиёт, ки дар он рӯзи 2 апрел автобус ба 7 автомашинаи такси бархӯрд, маълум шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, “маълум шудааст, ки ронанда сари чанбараки автобус хобаш бурдааст”.

Ба иттилои манбаъ, ташхиси хуни ронанда дар мавриди мавҷуд будани машрубот ва маводи нашъаовар дар он натиҷаи манфӣ додаааст. Дар Раёсат зикр карданд, ки ронанда дар моҳи шарифи Рамазон рӯза гирифтааст.

“Ронанда носкаш буда, дар вақти рӯзадорӣ аз истеъмоли он даст кашидааст. Шояд бо ҳамин сабаб ё аз камхобӣ ӯ сари чанбарак хобаш бурдааст. Чун касе осеб надид, ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешавад. Лекин тафтишот идома дошта, моддаи дақиқи ҷавобгарӣ баъдан маълум мешавад”, – гуфтанд дар Раёсат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 апрел ронандаи автобуси хатсайри 33  Н.Назаров дар рӯбарӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум мошинро идора карда натавониста, ба мошинҳои дар канори роҳ истода бархӯрд. Дар натиҷаи садама 7 мошин ва як автобус осеби техникӣ дид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.