“Сомон Эйр” парвозҳои доимиро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои доимиро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо аз Душанбе дар як ҳафта як маротиба – рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30 ва аз Деҳлӣ – соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаст. Парвози аввалин рӯзи 9 апрел дар назар аст. Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои доимиро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо аз Душанбе дар як ҳафта як маротиба – рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30 ва аз Деҳлӣ – соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаст. Парвози аввалин рӯзи 9 апрел дар назар аст.

Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, ба мусофироне, ки аз ваксингирӣ пурра гузаштаанд, ҳангоми бақайдгирии билет ба парвоз аз Душанбе ба Деҳлӣ пешниҳоди танҳо сертификати ваксинатсияи пурра бо забони англисӣ кофист.

Шахсоне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ бо забони англисӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд.

Ғайр аз ин ин, мусофироне, ки ба Деҳлӣ сафар мекунанд, бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration дубора сабти ном кунанд.

Мусофироне, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Маълумоти муфассал ва харидани билет ба хатсайри мазкур дар сомонаи ширкат, хазинаҳои билетфурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши билетҳои ширкат (Call-центр) қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.