Раҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк” ва “Сомон Эйр” ҷиҳати таҳкими равобит ба Олмон рафтанд

Як ҳайати бахши иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо намояндагони чанде аз ширкатҳои бонуфузи Олмон дидору гуфтушунид карданд. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон роҳандозӣ шудааст. Ба ҳайат намояндагони раҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк”, инчунин ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шомил шудаанд. […]

Asia-Plus

Як ҳайати бахши иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо намояндагони чанде аз ширкатҳои бонуфузи Олмон дидору гуфтушунид карданд.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон роҳандозӣ шудааст.

Ба ҳайат намояндагони раҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк”, инчунин ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шомил шудаанд.

Аз ҷумла дар вохӯрӣ бо мудири кулли ширкати пешрафтаи Airbus Operations GmbH Гуннар Грос имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баррасӣ шудааст.

“Дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH”, ҳайати тоҷикистонӣ, ҳамчунин аз раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд”, – омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, дар вохӯрии дигар бо роҳбарияти ҶС “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 ҳиссаи Олмон дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон 1,7% ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 млн долларро ташкил додааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Ҳудуди 99,7%-и муомилоти молии дуҷониба ба содироти молу маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.