spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазири рушди иқтисод ва савдо аз корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт

Ба ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро таъмин намояд, изҳор дошт зимни як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи президенти Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода.

Вазир қайд кард, ки дар ин солҳо дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, хусусан, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд. сомонии соли 2000 то 77,4 млрд. сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд.

Завқӣ Завқизода ҳамчунин таъкид дошт, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.

Даромади пулии аҳолӣ, зикр намуд Завқизода, аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 48 млрд. дар соли 2019 (яъне 48 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 1335 сомонӣ (яъне 85,6 баробар) афзоиш ёфтанд.

Даромади Буҷети давлатӣ аз 300 млн. сомонии соли 2000 то 23,5 млрд. сомонӣ дар соли 2019 ё 78,3 маротиба афзоиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола санаи 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президенти ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...