Марде, ки бо корд шиками занашро бурида, кӯдакро берун гирифт, ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Суди вилояти Суғд Ваҳҳобҷон Ҷангазиев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар куштори ҳамсари ҳомиладори худ гунаҳкор дониста шуд. Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят 14 январи соли 2021 дар манзили Ҷангазиев воқеъ дар деҳаи Чашмасор рух додааст. Тибқи маълумоти […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Суди вилояти Суғд Ваҳҳобҷон Ҷангазиев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар куштори ҳамсари ҳомиладори худ гунаҳкор дониста шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят 14 январи соли 2021 дар манзили Ҷангазиев воқеъ дар деҳаи Чашмасор рух додааст.

Тибқи маълумоти прокуратура, шоми ҳамон рӯз ҳамсараш  дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор мегардад.

“Зан аз ҳамсараш ёрии таъҷилӣ хоста, лекин мард ӯро бо зудӣ ба  таваллудхона набурда, мехоҳад худаш бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан тифлро ба дунё орад, ҳарчанд медонист, ки кирдор барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок аст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, мард бо корди хоҷагӣ шиками  занро бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои  наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста, ҳамсараш низ вафот менамояд.

Да ҳамин ҳол, дар маълумот дар бораи ба тиб муносибат доштан ё надоштани мард, инчунин вазъи солимии рӯҳии ӯ маълумот дода намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.