Дар Тоҷикистон чанд нафар собиқадорони ҷанг боқӣ мондаанд?

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Соли гузашта, тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар буданд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтанд. Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги […]

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Соли гузашта, тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар буданд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтанд.

Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар Ҳисор умр ба сар мебарад, имсол 110-сола мешавад: ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Дар гузориши видеоии мо бо чӣ гуна 109-солагӣ ва иди Ғалабаро ҷашн гирифтани Рашид Каримов шинос шуда метавонед.

Қаҳрамони мо 4 сол дар майдонҳои набард ҷангида, барои корнамоиҳояш бо зиёда аз 30 ордену медал қадрдонӣ шудааст. Пас аз ҷанг нахуст ба ҳайси омӯзгор ва сипас муддати 30 сол ба сифати раиси колхози “Ленин”-и ноҳияи Ҳисор кор карда, аввали солҳои 80-уми қарни гузашта аз ҳамин мансаб ба нафақа баромадааст.

Ёдрас мекунем, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуданд,

Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Ҳамасола рӯзи 9 май ва 22 июн Тоҷикистон аз иштирокчиёни ҷанг, ки соли 1941 ба ҷабҳа рафта буданд, ёд карда, хотираи онҳоро гиромӣ медорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.