Дар 20 рӯз нақшаи даъват ба артиш 50 дар сад иҷро шудааст

Date:

Вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи 20-уми даъвати баҳорӣ ба артиш аз иҷрои 50 дарсади нақшаи даъват ба артиш дар кишвар хабар медиҳад.

Маркази матбуотии вазорат бо пахши хабарномае навиштааст, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 60 дарсад, вилояти Хатлон беш аз 50 дарсад, вилояти Суғд ҳудуди 40 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тақрибан 60 дарсад иҷро шудааст.

Дар рӯзи аввали даъвати ҳарби ВМКБ нақшаи давъати баҳории ҳарбиро пурра иҷро намуда буд.

– Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, аз ноҳияҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ аз иҷрои нақша пурра гузориш доданд, – менависад Вазорати дифоъ.

Қаблан, дар рӯзи 10-уми даъвати ҳарбӣ вазорати дифоъ хабар дорда буд, ки нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ 40 дарсад иҷро шудааст

Иҷрои то 50 дарсади нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир навори боздошти ҷавонон дар кӯчаву бозор ва фурудгоҳҳо пахш мешавад, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш аст.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки тибқи он хизмати пулакии ҳарбӣ низ пешнбинӣ гардид. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул хидмати ямоҳаи ҳарбиро адо намуданд.

Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...