Тоҷикистон ҳам “Байрақтар” мехарад? Душанбеву Анқара созишномаи низомӣ имзо карданд

Душанбе ва Анқара ба хотири рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи тавофуқии дифоъ имзо карданд. Ин созишномаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳангоми сафараш ба Туркия бо ҳамтои туркии худ Хулуси Акар ба имзо расонидааст. Дар ин бора хабаргузории туркии "Анадолу", имрӯз 21-уми апрел хабар медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин созишномаи чаҳорчӯбӣ то кунун иттилои расмие нашр […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Душанбе ва Анқара ба хотири рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи тавофуқии дифоъ имзо карданд. Ин созишномаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳангоми сафараш ба Туркия бо ҳамтои туркии худ Хулуси Акар ба имзо расонидааст. Дар ин бора хабаргузории туркии "Анадолу", имрӯз 21-уми апрел хабар медиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин созишномаи чаҳорчӯбӣ то кунун иттилои расмие нашр накардааст.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо як сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад.

Хабаргузории туркӣ менависад, ки ба хотири ташрифи вазири тоҷик ба Анқара ва дидораш бо вазири мудофиаи Туркия Горди фахрии вазорати дифои ин кишвар саф оростаанд.

Манбаъ гуфтаст, ин ташриф бо даъвати вазири мудофиаи Туркия анҷом ёфт ва дар ҳошияи он миёни вазирони дифои Тоҷикистону Туркия бо мақсади рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкории дифоъ ба имзо расид.

Ба навиштаи ин расонаи туркӣ, вазири тоҷик бо ҳайати ҳамроҳаш бо Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақавӣ ва мудофиа, дурнамои ҳамкориҳоро низ баррасӣ кардаанд.

“Хулуси Акар таъкид кардаст, ки Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак доранд. Вай гуфтааст, ки Анқара ба мубодилаи таҷриба бо Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ҳифзи сарҳад ва мубориза бар зидди терроризм омода аст”.

Ҳарчанд манбаъ дар бораи ҷузъиёти созишнома чизе нагуфтааст, вале солҳои ахир кишварҳои минтақа ба паҳпод (тайёраҳои бесарнишин)-ҳои истеҳсоли Туркия, ки бо номи "Байрақтар" маъруфанд, таваҷҷуҳи хос доранд.

Вазири мудофиаи Туркия ҳамзамон муҳимияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишварро дар соҳаи таҳсилоти низомӣ арзёбӣ кардааст.

Пас аз истиқболи расмӣ, Хулуси Акар ва Шералӣ Мирзо ба макони фармондеҳии қуваҳои заминии Туркия ворид шуда дар ин ҷо мавзуйҳои марказиро баррасӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.