Дар Туркманистон барои аз меъёр зиёд харидани нон сокинонро 15 рӯз ҳабс мекунанд

Мақомоти Туркманистон дар пасманзари бадшавии вазъи марбут ба норасоии орду нон назорати фурӯши онҳоро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ, бахусус дар шаҳри Ишқобод пурзӯр кардаанд. Маъмурони пулиси пойтахти Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ талош доранд, онҳоеро муайян кунанд, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нон мехаранд. Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Мақомоти Туркманистон дар пасманзари бадшавии вазъи марбут ба норасоии орду нон назорати фурӯши онҳоро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ, бахусус дар шаҳри Ишқобод пурзӯр кардаанд.

Маъмурони пулиси пойтахти Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ талош доранд, онҳоеро муайян кунанд, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нон мехаранд.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис дар Ишқобод ба фурӯшгоҳҳои давлатӣ рафта, муштариёнеро, ки барои харидории нон навбат мепоянд, аксу навор мегиранд.

"Онҳо муштариёнро ҳушдор медиҳанд, ки барои аз меъёри муайяншуда бештар нон харидан 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст", – изҳор дошт як сокини пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш 21 апрел.

Хабарнигори радио бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон хабар медиҳад, ки чандин мансабдори давлатӣ бо гумони сӯистифода аз мақоми хидматӣ дар хариди орду нон ҳабс шудаанд.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳар як муштарӣ аз 2 ё 3 дона нон бештар нафурӯшанд. Як дона нон дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ аз 5 то 10 манати туркманӣ арзиш дошта, дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ онро бо нархи арзонтар – 60 танга мефурӯшанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.