Эммануэл Макрон бори дувум раисҷумҳури Фаронса шуд

Эммануэл Макрон барандаи даври дувуми интихоботи Фаронса, ки рӯзи якшанбеи 24 апрел баргузор гашт, эълом шуд. Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, Макрони 44-сола 58 дарсади овозҳоро касб кардааст. Рақиби ростгарои ӯ Марин Лё 42 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст, менависад нашрияи Le Figaro. Эммануэл Макрон дар интихоботи панҷ соли қабл 66,1 дарсад ва рақиби ростгарояш Лё […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Эммануэл Макрон барандаи даври дувуми интихоботи Фаронса, ки рӯзи якшанбеи 24 апрел баргузор гашт, эълом шуд.

Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, Макрони 44-сола 58 дарсади овозҳоро касб кардааст. Рақиби ростгарои ӯ Марин Лё 42 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст, менависад нашрияи Le Figaro.

Эммануэл Макрон дар интихоботи панҷ соли қабл 66,1 дарсад ва рақиби ростгарояш Лё Пен 33,9 дарсади овозҳоро касб карда буданд. Дар интихоботи 24 апрел зидди Макрон иштирокдорони эътирозҳои оммавӣ алайҳи гароншави сӯзишворӣ, афзоиши андоз ва поин рафтани сатҳи зиндагии мардум дар Фаронса раъй додаанд.

Бештари раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз Макрон ҷонибдорӣ карда, изҳори нигаронӣ карда буданд, ки пирӯзии рақиби ростгарои ӯ ба Иттиҳоди Аврупо метавонад осеб расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.