Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ИННОПРОМ”-и Тошканд кадом маҳсулотро муаррифӣ кард?

Date:

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 25 апрел Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ифтитоҳ гардида, ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир раҳбарӣ мекунад.

Тавре ки бахши котиботи Вазорати саноат хабар медиҳад, барои ширкат дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон сабти ном шудаанд. Инчунин ҳайатҳои расмӣ, аз ҷумла аз Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, иқтидори саноатии Тоҷикистонро  дар намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ», зиёда аз  28 корхона, аз ҷумла «ТАЛКО», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон- Ягноб»,  «Ғалла»,  «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу Текстайл», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Колинҳои Қайроққум», ҶCК  «Гулистони Душанбе», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто»,  «Норд Азия Металл», «Зарри Суғд» ва дигароҳо муаррифӣ доранд.

Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ»  бо баргузории ҷаласаи асосии «Осиёи Марказӣ: фазои пешрафти технологӣ» бо иштироки муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, вазири саноати Беларус Петр Пархомчик ва вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян ифтитоҳ  ёфт.

Имрӯз охирин рӯзи кори намоишгоҳ буда, аз ин навор бо ҷараёни баргузории намоишгоҳ ва чӣ гуна будани гӯшаи Тоҷикистон дар он шинос шуда метавонед.

МЕДИА (YOUTUBE)

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷараёни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ» ,  ки  се рӯз идома  меёбад, ҷиҳати густариш додани  ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ миёни корхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар  пурмуҳтаво суханронӣ намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...