8 соат тӯл кашидааст. Дар Тоҷикистон бори нахуст як ҷарроҳии нодири саратон анҷом дода шуд

Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон аз бори нахуст анҷом шудани як ҷарроҳии нодир ва мушкиле дар бахши саратоншиносӣ дар кишвар хабар медиҳад. Ба навиштаи сайти ин мактаби олӣ, устодони кафедраи саратоншиносӣ, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии ин донишгоҳ, нахустин бор дар Тоҷикистон чарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамозро анҷом додаанд. Ин ҷарроҳӣ, чанд рӯз қабл аз сӯйи мудири кафедра, […]

Asia-Plus

Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон аз бори нахуст анҷом шудани як ҷарроҳии нодир ва мушкиле дар бахши саратоншиносӣ дар кишвар хабар медиҳад.

Ба навиштаи сайти ин мактаби олӣ, устодони кафедраи саратоншиносӣ, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии ин донишгоҳ, нахустин бор дар Тоҷикистон чарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамозро анҷом додаанд.

Ин ҷарроҳӣ, чанд рӯз қабл аз сӯйи мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра бо усули ҳибридӣ бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудаст.

Ба навиштаи пойгоҳ ҷарроҳии мазкур 8 соат давом карда ва дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.

Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст 34 сол дошта, як сол қабл бо ишқор сӯхтани сурхрӯда ба Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда будааст ва тибқи ташхис ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта  ва стеноз гардида будаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳолати ин бемор хуб буда, гуфта мешавад зери назорати пурраи табибон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.