Тоҷикистону Эрон фурсатҳои аздастрафтаро ҷуброн мекунанд: тиҷорати ду кишвар 4,5 баробар афзуд

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, ки бо ҳам муштаракоти забониву фарҳангӣ ва динӣ доранд, пас аз коҳиш дар муддати ҳафт сол ду сол инҷониб барқарор шуда истодааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ҳудуди 67 млн долларро ташкил додааст, ки 4,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад, […]

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, ки бо ҳам муштаракоти забониву фарҳангӣ ва динӣ доранд, пас аз коҳиш дар муддати ҳафт сол ду сол инҷониб барқарор шуда истодааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ҳудуди 67 млн долларро ташкил додааст, ки 4,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Эрон ва маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар мутаносибан маблағи тақрибан баробар – 33,5 ва 33,4 млн долларро ташкил додааст.

То ин дам мувофиқи омори расмӣ, давоми ҳафт сол ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон зиёда аз панҷ баробар – аз қариб 300 млн доллар дар соли 2013 то ба 58 млн доллар дар соли 2020 коҳиш ёфта буд.

Агар афзоиши гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон бо ҳамин суръат ба мисли семоҳаи якум давом кунад, аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ ду кишвар ба нишондиҳандаҳои соли 2013 баргашта метавонанд.

Аз Тоҷикистон ба Эрон маъмулан нахи пахта, калобаи пахтагин, алюминий ва сими алюминий интиқол меёбад. Дар навбати худ аз Эрон ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, мошину таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ворид карда мешавад.

Аввали соли равон раҳбарияти ниҳодҳои энергетикии кишварҳо имкони интиқоли маҳсулоти нафтиро аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.