Роҳкирои микроавтобусҳо дар Хуҷанд гарон шуд. Автобусҳо дар навбатанд

Шурӯъ, аз субҳи 10-уми майи соли равон нархи мусофиркашонии микроавтобусҳои дохилишаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд гарон шуд. Шӯҳрат Аҳмадҷонов, сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби гарон шудани роҳкиро боло рафтани нархи сӯзишворӣ арзёбӣ кард. "Ронандагон ба ширкатҳои нақлиётӣ шикоят кардаанд, ки ба сабаби гарон шудани гази моеъ […]

Ҳалимҷон Ҷураев, Asia-Plus

Шурӯъ, аз субҳи 10-уми майи соли равон нархи мусофиркашонии микроавтобусҳои дохилишаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд гарон шуд.

Шӯҳрат Аҳмадҷонов, сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби гарон шудани роҳкиро боло рафтани нархи сӯзишворӣ арзёбӣ кард.

"Ронандагон ба ширкатҳои нақлиётӣ шикоят кардаанд, ки ба сабаби гарон шудани гази моеъ (6,5-7 сомонӣ) ва сӯзишвории дизелӣ (11-11,50 сомонӣ) хароҷоташонро рӯйпӯш карда наметавонанд. Дар асоси муроҷиати ширкатҳои мусофиркашонӣ мо ба ҳукумати Суғд мактуб фиристодем. Дар ҷаласаи ҳукумат хулоса шуд, ки барои рӯйпуш кардани хароҷот роҳкиро бояд 2,6 сомонӣ кунем, аммо 2 сомонию 50 дирам муайян кардем”, – гуфт Аҳмадҷонов.

Ба таъкиди ӯ, нархномаи нав танҳо ба микроавтобусҳои дихилишаҳрии Хуҷанд дахл дорад, нархномаи микроавтобусҳои беруназшаҳрӣ (ба мисоли “Хуҷанд-Ғафуров”, “Хуҷанд-Бӯстон”) ва ё аз Хуҷанд ба дигар шаҳру ноҳияҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Дар шаҳри Хуҷанд 12 ширкати нақлиётии дохилишаҳрӣ ва 16 хатсайри мусофиркашонӣ мавҷуд аст. Масъулин мегӯянд, хароҷоти сӯзишворӣ дар нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ бисёр аст. Нақлиёт суст ҳаракат мекунад ва исти зиёд дорад, ки дар суръати суст сарфаи сӯзишворӣ ҳам зиёд мешавад.

Номбурда афзуд, ки ин нархнома ба автобусҳои ҷамъиятӣ дахл надорад, вале барои баланд бардоштани роҳкиро онҳо раёсат ба масъулин пешниҳод кардааст

"Дар пайи боло рафтани маводи сӯзишворӣ корхонаи автобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ пешниҳод додаанд, ки нархи хизматрасониро 50 дирам боло бардорем. Ин пешниҳод ҳоло дар марҳилаи тасдиқ қарор дорад. Нархи мусофиркашонӣ тариқи автобусҳои давлатӣ аз соли 2018 ба ин тараф боло нарафтааст ва ҳоло хизматрасонии дохилишаҳрӣ тавассути онҳо 1 сомонӣ аст”, – мегӯяд Шуҳрат Аҳмадҷонов.

Ин бори дувум аст, ки бо сабаби гарон шудани нархи сӯзишворӣ мақомоти вилояти Суғд роҳкироро боло мебаранд. Бори аввал онҳо,  1-уми сентябри соли гузашта роҳкиро аз 1 сомонию 50 дирам то 2 сомонӣ гарон карда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.