Имрӯз дар Тоҷикистон заминларзаи сахт рух дод

Date:

Имрӯз соати 15:27 сокинони Душанбе ва атрофи он заминларзаи сахтеро эҳсос карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмонҳои ба зилзилаҳо тобовар менависад, ки маркази заминларза дар 171-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 149 километр шимолу ғарби ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар қаламрави Ӯзбекистон будааст.

– Қувваи зилзила дар маркази заминларза 6 балл ва дар Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст. Дар қаламрави Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, – менависад КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, тавре “Podrobno.uz” бо такя ба КҲФ Ӯзбекистон хабар медиҳад, маркази заминларза дар умқи 15 километр дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё, 411 километрии ҷанубу ғарби Тошканд воқеъ будааст.

Бояд гуфт, ки ин дувумин заминларза аст, ки тайи 7 рӯзи ахир Тоҷикистонро такон медиҳад – заминларзаи якум субҳи барвақти рӯзи 5 май рух дода буд. Маркази заминларза дар 294-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ будааст.

Қувваи зилзила дар маркази заминларза 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...